Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Барномаи навбатии "Нурофар"-и Телевизиони "Тоҷикистон" доир ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика таҳия шуда, дар он татбиқи лоиҳаҳои зерин матраҳ гардиданд:
Муфассал ⤴️
✅ @mewrtj
⚡️Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000";
⚡️Лоиҳаи электрофикатсияи деҳот дар вилояти Хатлон;
⚡️Лоиҳаи таҷдиди НБО "Сарбанд" (гидроагрегати 4);
⚡️Лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ";
⚡️Барномаи рушди соҳаи энергетика (Кам намудани талафоти энергияи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара).
Муфассал ⤴️
✅ @mewrtj
❤1👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚙️Ҷиҳати таъмини сокинони минтақаи Рашт бо неруи барқ, аз ҷониби Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе корҳои барқарорсозии хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва техникии зеристгоҳҳои барқиро анҷом дода шуданд.
✅ @mewrtj
💡Тадбирҳои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” баҳри баланд бардоштани устувории низоми энергетикӣ ва таъмини талаботи афзояндаи аҳолӣ ба неруи барқ амалӣ гардида, дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
✅ @mewrtj
👍3❤1
Сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" дидан намуд.
✅ @mewrtj
Зимни ташриф меҳмонон бо марҳилаҳои татбиқи лоиҳа ва имкониятҳои НБО “Роғун” аз наздик шинос гардиданд.
✅ @mewrtj
❤1👍1👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Бохтар ҷаласа оид ба баррасии фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.
✅ @mewrtj
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ дар давоми ҳафт моҳи соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
✅ @mewrtj
👍3❤1
🇹🇯🇺🇿14-уми августи соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрии кории вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов баргузор гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб, иборат аз роҳбарон ва мутахассисони баландпояи ширкатҳои энергетикӣ, муассисаҳои марбута ва сохторҳои масъули соҳа, иштирок намуданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баррасии масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», инчунин имконияти таҳвили гази табииро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
Дар мулоқот, ҳамчунин ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб, иборат аз роҳбарон ва мутахассисони баландпояи ширкатҳои энергетикӣ, муассисаҳои марбута ва сохторҳои масъули соҳа, иштирок намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ ҳайати меҳмонони кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатӣ, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидаанд, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла энергетика, бо суръат рушд карда, устувор ва пурсамар вусъат меёбанд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баррасии масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», инчунин имконияти таҳвили гази табииро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар изҳор доштанд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍4⚡1❤1
📸Суратгузориш аз мулоқоти кории вазирони энергетикаи ҷумҳуриҳои 🇹🇯Тоҷикистон ва 🇺🇿Ӯзбекистон
✅@mewrtj
✅@mewrtj
👍7❤1
🇹🇯🇺🇿14-уми августи соли 2025, Гулистон (вилояти Суғд). - Пас аз анҷоми вохӯрии корӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов ба соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик” ташриф оварданд.
Обанбор, дар баробари таъмини обёрӣ, манбаи асосии оби Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” мебошад, ки саҳми назаррас дар таъмини неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дорад.
✅ @mewrtj
Зимни боздид таъкид гардид, ки обанбори “Баҳри Тоҷик” дорои аҳамияти бузурги стратегӣ буда, нақши калидӣ дар обёрии заминҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебозад.
Обанбор, дар баробари таъмини обёрӣ, манбаи асосии оби Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” мебошад, ки саҳми назаррас дар таъмини неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дорад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки минтақаи соҳилии обанбор, бо назардошти манзараҳои зебои табиӣ ва имкониятҳои фароғативу сайёҳӣ, ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи истироҳатии сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст.
✅ @mewrtj
👍6❤1
🇹🇯🇹🇲🇺🇿🇰🇿 Дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи ҷашнӣ - 90-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ (#МКВК) баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Канат Бозумбоев, роҳбарони ниҳодҳои хоҷгии оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ҷониби Қирғизистон ҳамчун нозир ҳузур дошт.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа зери роҳбарии муовини якуми вазири энергетика ва захираҳо об Ҷамшед Шоимзода ширкат кард.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба реҷаи кори обанборҳоро дар ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё дар давраи мавсими кишти имсола ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал пеш гузошта шудаанд, баррасӣ гардид.
✅@mewrtj
👍5🤝1