АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»🇹🇯
2.42K subscribers
24.6K photos
114 videos
25.3K links
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон
Сомона — www.khovar.tj
ТЕЛ: +992372385217
facebook.com/niatkhovar
instagram.com/niat_khovar
twitter.com/niatkhovar
youtube.com/@niatkhovar
加入频道
ФАЛАК-ҶУЗЪИ ҚАВИИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН. Он аз сароянда санъати баланди ҳунармандӣ талаб менамояд

Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такмил ёфта, хусусияти тоза касб намудааст.

➡️Муфассал
Дар Мактаб-интернати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оид ба пешгирии хатари офатҳои табиӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд

Зимни омӯзиши намоишӣ кормандони Кумита шароити ба воқеият наздик фароҳам оварданд.

➡️Муфассал
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия иштирок менамояд

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд.

➡️Муфассал
Дар Тоҷикистон беш аз 222 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

Пахта яке аз молҳои асосии содиротии Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола дар мамлакат ба ҳисоби миёна 430 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ мешавад. Ин зироат тақрибан дар 200 ҳазор гектар кишт мегардад.

➡️Муфассал
Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба истеҳсоли минбарҳои таълимӣ шуруъ намуд

Дар айни ҳол 100 минбари таълимӣ омода гардида, бо дастури ректори донишгоҳ дар навбати аввал ба факултетҳо дастрас мешаванд.

➡️Муфассал
ГЕРОЙ ТАДЖИКИСТАНА. В декабре в Таджикистане отметят 115-летие академика Бободжона Гафурова

Также в декабре будут подведены итоги четвертого тура республиканского конкурса «Таджики» — зеркало истории нации», его победители и призёры будут удостоены наград.

➡️Подробнее
Дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи фалак бо шаҳомати хосса гузаронида шуд

Ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр доир шуд.

➡️Муфассал
Имрӯз иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид

Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

➡️Муфассал
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҷамъомади бошукуҳ баргузор шуд

Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид.

➡️Муфассал
Сироджиддин Мухриддин принял участие в заседании Совета министров иностранных дел Организации экономического сотрудничества

В ходе своего выступления С. Мухриддин выделил приоритетные направления сотрудничества в рамках ОЭС, подчеркнул важность дальнейшего расширения экономической интеграции и реализации инвестиционных проектов в сферах инфраструктуры, энергетики, транспорта, промышленности и других приоритетных направлениях.

➡️Подробнее